Ru  | Tj
Дар Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 205 миллион доллар дар ҳоли татбиқ аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 205 миллион доллар дар ҳоли татбиқ аст
Акс: ТоҷикТА

Дар Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 205 миллион доллар дар ҳоли татбиқ аст

Нашр шуд

Аз давраи аввали татбиқи лоиҳаҳо то имрӯз 117 миллион доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.

Ба иттилои АМИТ "Ховар", Ҷамшед Табарзода, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарӣ баён доштааст, ки 14-уми октябри соли 2021 дар ҳошияи эълон шудани "Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021" дар пойтахти кишвар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ "Душанбе-Инвест 2021" баргузор гардидааст.

Ба таъкиди манбаъ, дар форуми мазкур 400 нафар иштирокчиён ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ширкат варзида, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ 6 ҳуҷҷати нави ҳамкорӣ ба арзиши умумии беш аз 87,0 миллион доллари амрикоӣ, ки дар пойтахти мамлакат амалӣ мегарданд, ба имзо расонида шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи декабри соли 2020 бо қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буҷаи пойтахт барои соли 2021 аз рӯйи даромад ва хароҷот ба маблағи 2 миллиарду 316 миллиону 300 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида буд.


Фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед