Ru  | Tj
Дар Душанбе 91, дар Тоҷикистон 34,5. Вазорат гуфт, ки чанд фоизи мардум ваксина гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе 91, дар Тоҷикистон 34,5. Вазорат гуфт, ки чанд фоизи мардум ваксина гирифтанд
Акс: Бомдод

Дар Душанбе 91, дар Тоҷикистон 34,5. Вазорат гуфт, ки чанд фоизи мардум ваксина гирифтанд

Нашр шуд

Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки маъракаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойтахт беш аз навад дарсад ва дар тамоми кишвар 34,5 фоиз иҷро шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо нашри хабаре эълом намуд, ки дар маҷмӯъ то шоми 31-уми август 2 миллиону 9 ҳазору 748 нафар сокини кишвар зидди бемории коронавирус ваксина гирифтаанд, ки ин баробар ба 34,5% аҳолӣ аст.

Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 798 ҳазору 308 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Манбаъ гуфтааст, дар ваксинагирӣ миёни шаҳру навоҳии кишвар сокинони пойтахт фаъол буда, то ҳамин таърих аллакай 91, 7 дарсади нақшаи эмгузаронӣ дар Душанбе иҷро гардидааст.

Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз ба Тоҷикистон 4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина ворид шудааст. Айни замон чор намуд ваксина – AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Sputnik V ба мардум пешниҳод мешавад.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 3-юми июл ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қаблан эълон намуда буд, ки то охири сол бояд 62,5 фисади сокинони кишвар ваксина бигиранд.

Пешгирӣ пурзӯр мешавад. Ҳамаи кормандони НБО “Роғун” ҳам ваксина гирифтаанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед