Ru  | Tj
Дар Душанбе Қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни бонувон баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе Қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни бонувон баргузор мешавад
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Дар Душанбе Қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни бонувон баргузор мешавад

Нашр шуд

Аз 19-ум то 29-уми январ дар Душанбе Қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни тимҳои мунтахаби бонувон баргузор мегардад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Қаҳрамонии CAFA-2022 таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад ва дар он чаҳор даста байни ҳам сабқат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин мусобиқа тимҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Эрон Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ду давр байни ҳам шаш бозӣ анҷом медиҳанд ва дастае ғолиб мегардад, ки шумори бештари холҳоро ба даст оварад.

Манбаъ меафзояд, ҳамаи бозиҳои Қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни тимҳои мунтахаби бонувон дар Маҷмааи навбунёди универсалии варзишии Душанбе баргузор мешаванд, ки метавонад дар як вақт то се ҳазор тамошобинро бипазирад.

Бояд гуфт, ки соли гузашта низ чандин муосбиқаи байналмилалии CAFA -2021 дар Душанбе баргузор шуда буд, аз ҷумла мусобиқаи қаҳамронии CAFA -2021 миёни дастаҳои мунтахаби занон (U20), Чемпионати CAFA-2021 миёни духтарони зери синни 17 (U-17) ва Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон (U-15).

Коршиносони варзиш мегӯянд, баргузории ин гуна мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди футбол дар кишвар ва оммавӣ гардидани ин навъи варзиш такони ҷиддӣ мебахшад.

Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед