Ru  | Tj
Дар Душанбе қабули довталабон барои дарёфти гувоҳиномаи забони русӣ оғоз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе қабули довталабон барои дарёфти гувоҳиномаи забони русӣ оғоз шуд
Акс хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

Дар Душанбе қабули довталабон барои дарёфти гувоҳиномаи забони русӣ оғоз шуд

Нашр шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон қабули асноди довталабони супурдани имтиҳони забони русӣ барои дарёфти гувоҳинома шурӯъ шуд. Гувоҳиномаи забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати дарёфти иҷозати иқомат ва кор дар қаламрави Русия зарур аст.

Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ахиран барои афроде, ки ҳадафи муҳоҷирати корӣ ба Русияро доранд, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург қабули аснод барои супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия оғоз шуд.

Ба иттилои Бунгоҳҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе, имтиҳон дар доираи қарордоде, ки моҳи декабри соли 2022 бо Бунгоҳи санҷиши  забонҳои Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба имзо расида буд, роҳандозӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки моҳе қабл гурӯҳи аввали шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ройгон имтиҳон супорида, гузовиномаи забони русиро ба муҳлати панҷ сол дастрас намуданд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки агар тартиби муқарраргардида тибқи меъёрҳои зарурӣ сурат гирад, дар оянда барои муҳоҷирони кории тоҷик  ба таври доимӣ супурдани имтиҳони забони русӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки ин гувоҳиномаҳои забони русӣ дар саросари Россия эътибор доранд.

Дар ин зимн зикр мешавад, ки гувоҳиномаи забони русӣ барои дарёфти иҷозатномаи кор дар Русия муодили 1500 рубли русӣ ва барои дарёфти иҷозатномаи иқомат  2000 рубли русӣ арзиш дорад.

Гуфтанист, тибқи иттилои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар семоҳаи аввали соли 2023 наздики 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон вориди ин кишвар шуда, ҳадафи сафари худро “кор” зикр кардаанд. 

Тибқи омори расмӣ, ҳудуди 90 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед