Ru  | Tj
Дар Душанбе ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИА баргузор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИА баргузор мегардад
Акс: Mfa.tj

Дар Душанбе ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИА баргузор мегардад

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои бозтоби нишасти ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои сабти ном шудан даъват менамояд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзҳои 22-23-юми ноябри 2021 дар пойтахти кишвар 17-умин ҷаласаи Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз намояндагони расонаҳои дохилию беруна даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати иштирок ва инъикоси раванди чорабинии мазкур то 16-уми ноябр ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки барои дохил шудан ба Тоҷикистон ва ҷойҳои баргузоршавии чорабиниҳо, намояндагони расонаҳоро лозим аст, бо худ гувоҳинома дар бораи гузаронидани иммунизатсия (2 воя) бар зидди COVID-19 ва маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба COVID-19 — натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат (3 шабонарӯз) қабл аз нишаст гирифта шудааст, дошта бошанд.

16-умин ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо соли гузашта 17-уми ноябр ба таври маҷозӣ сурат гирифта буд. 



Мушовири Макрон гуфт, ки Фаронса ҳавасманди густариши равобит бо Тоҷикистон аст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед