Ru  | Tj
Дар Душанбе ҳама ба зидди коронавирус ваксина мегиранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе ҳама ба зидди коронавирус ваксина мегиранд
Акс: Интернет

Дар Душанбе ҳама ба зидди коронавирус ваксина мегиранд

Нашр шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон ҳамаи шахсони синнашон аз 18 боло бар зидди коронавирус ваксина мегиранд.

Вазорати тандурустии кишвар имрӯз бо нашри паёме гуфт, ки бояд ҳама афроди аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе барои гирифтани ваксина ба марказҳои саломатии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт, ки то кунун ба Тоҷикистон ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаи "Астразенека" ва "КоронаВак" ворид шудааст ва то имрӯз ҳудуди 90 ҳазор нафар бар зидди коронавирус ваксиназанӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии дар ҳоле аз оғози эмкунии умумии сокинони Душанбе хабар медиҳад, ки бемории КОВИД -19 дар Тоҷикистон дубора хуруҷ кардааст ва тибқи иттилои расмӣ, дар чаҳор рузи ахир 63 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Бар пояи хабарҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз оғози ин пандемия дар кишвар дар умум 13371 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст ва 90 нафар фавтидааст.



Чин ба ваъда вафо кард. 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс» ба Душанбе расид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед