Ru  | Tj
Дар Душанбе ҷашни Наврӯз давоми 9 рӯз таҷлил мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе ҷашни  Наврӯз давоми 9 рӯз таҷлил мешавад
Акс: hamsafon.tj

Дар Душанбе ҷашни Наврӯз давоми 9 рӯз таҷлил мешавад

Нашр шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе рӯзҳои 21-30 март иди Наврӯз мутантан ва бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Харбаргузории расмии «Ховар» менависад, ки аз 21 то 30-юми март дар чор боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, боғи Куруши Кабир ва майдони Синои пойтахт бо оростани базми наврӯзӣ оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯз ботантана таҷлил мегардад.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар ин рӯзҳо бо иштироки аҳли ҳунар ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ баргузор карда мешаванд.

Дар баробари ин тибқи иттилои Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, шоми рӯзи 21-уми март дар «Боғи Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ҳамчунин дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки имсол дар Тоҷикистон Наврӯз рӯзи 21-уми март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ фаро мерасад. Бинобар фарорасии Наврӯзи имсола 21-уми март, соати 04:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад.

Сипас аз ин макон корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон ба ҳар гӯшаи шаҳр равон шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидои «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонад.

Бояд гуфт, ки ба хотири таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон аз 20 то 27-уми март рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед