Ru  | Tj
Дар Душанбе аввалин мусофирбарҳои хурди барқӣ ба фаъолият оғоз карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе аввалин мусофирбарҳои хурди барқӣ ба фаъолият оғоз карданд
Акс: asiaplustj.info

Дар Душанбе аввалин мусофирбарҳои хурди барқӣ ба фаъолият оғоз карданд

Нашр шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон дар баробари автобусҳои барқӣ, ҳамакнун мусофирбарҳои хурдӣ барқӣ низ ба хизматрасонӣ оғоз карда, интизор аст то соли 2028 нақлиёти ҷамъиятии Душанбе пурра барқӣ шавад.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар Душанбе аввалин мусофирбарҳои хурди барқӣ ба кор дароварда шуданд, ки навъи Foton Toano буда, зарфияти ҳамли 17 мусофирро доранд.

Гуфта мешавад, ки ин нақлиёти муосир дорои курсиҳои эргономикӣ, бордони васеъ, тарҳи замонавӣ ва сатҳи баланди бехатарӣ буда, бо дастгоҳи сардсозии ҳаво, чамбараки фармони чандманзура ва шабакаи мултимедиявӣ муҷаҳҳаз аст.

«Дар айни замон мо 6 адад микроавтобусро ба роҳ баровардем. Ба қарибӣ шумораи онҳо зиёд хоҳад шуд»,- гуфтааст раҳбари ширкати «Аҳмар».

Гуфта мешавад, ки мусофирбарҳои барқии Foton Toano бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз шуда, метавонад бо як бор гирифтани неру тақрибан 350 километрро тай кунад. Яъне, бо як бор гирифтани неру мусофирбари хурди барқӣ чанд рӯз метавонад бидуни барқгирӣ хизмат расонад.

Бояд гуфт, ки дар аввали соли ҷорӣ дар Душанбе 30 автобуси барқии тавлиди Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ карданд, ки қобилияти ҳамли 100 мусофирро доранд.

Аз сӯи дигар тибқи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028», то моҳи сентябри соли оянда шаҳри Душанбе бояд пурра ба таксиҳои барқӣ гузарад. Дар баробари ин автобусҳои мусофирбарӣ низ бо автобусҳои барқӣ иваз карда мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед