Ru  | Tj
Дар Душанбе барои пешгирӣ аз садамҳои нақлиётӣ усулҳои нав таҳия мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе барои пешгирӣ аз садамҳои нақлиётӣ усулҳои нав таҳия мешаванд
Акс: Sputnik

Дар Душанбе барои пешгирӣ аз садамҳои нақлиётӣ усулҳои нав таҳия мешаванд

Нашр шуд

Соли гузашта дар роҳҳои Душанбе 242 садамаи нақлиётӣ рух дода, дар пайи онҳо 33 нафар ҳалок ва 254 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе, ин матлаб дирӯз дар машварати кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар соли 2021 зикр шуд.

Гуфта мешавад, бо назардошти ин ҳолат ва ба манзури танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва боло бурдани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 дар мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон гардид.

Дар ин нишасти машваратӣ таъкид гардид, ки имсол ҷиҳати пешгирӣ аз сар задани садмаҳои нақлиётӣ роҳу усулҳои нав корбарӣ, таҳия ва амалӣ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи омори расмӣ дар нуҳ моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 787 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки дар пайи онҳо 290 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Масъулин риоя накардани аломатҳои роҳ, бо суръати баланд рондан ва идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ ва бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагиро аз омилҳои аслии афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар медонанд.


Тоҷикистон роҳҳои пешгирӣ аз вируси британиро дида истодааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед