Ru  | Tj
Дар Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи истеҳсолӣ ифтитоҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи истеҳсолӣ ифтитоҳ шуд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Дар Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи истеҳсолӣ ифтитоҳ шуд

Нашр шуд

Коргоҳи нонпазӣ, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва коргоҳи заргарӣ дар Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Рӯзи 16 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии “Нонпаз” мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, корхонаи “Нонпаз”, ки аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт пурра навсозӣ гардида, дар он тамоми таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ муҳайё гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.

Бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии “Нонпаз” теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонида мешавад.

Дар баробари ин имрӯз марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ширкати “Ғаюр Гуруҳ” ифтитоҳ шуд.

Марҳилаи дуюми корхона аз хатҳои иловагии истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, духти матоъ, ламинатсия, суратофарӣ, буриши матоъ ва насби клапанҳои автоматӣ иборат буда, имкон медиҳад, ки 140 нафар ба кори доимӣ таъмин гарданд.

Мувофиқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон ба 600 нафар расонида мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона аз 70 млн дона халтаҳои полипропиленӣ то ба 120 млн дона расонида шуда, талаботи бозори дохилӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, кимиё ва ғайра пурра бо халтаҳои дорои клапани автоматӣ бо технологияи инноватсионии Ад Стар “AD STAR” қонеъ мекунад. 

Ҳамчунин қисми боқимондаи маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ содирот хоҳад шуд.

Хатти истеҳсоли платаҳои чопӣ имкон дорад, ки маҳсулоташро на танҳо барои фурӯзонакҳои диодӣ, балки барои зиёда аз 150 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз қабили яхдон, кондитсионер, телевизор, дурбинҳои назоратӣ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва ҳамчунин мошинсозию мебелбарорӣ тавлид намояд, ки замина барои рушди дигар соҳаҳои саноат дар ин кишвар мегардад.


Бунёди корхонаи мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, ки истеҳсоли платаҳои чопӣ ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар дохил ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

Ҳамзамон дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” ба истифода дода шуд. Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тило иборат буда, дар як сол иқтидор дорад то як тонна тилоро коркард намояд.

Корхона аз ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва дигар коргоҳҳо иборат мебошад.

Хатҳои нави технологии корхона имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ коркард ва аз он маҳсулоти заргарӣ мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.

Гуфта мешавад, ки дар умум дар ҳамин мавзеъ таъсиси 4 корхонаи саноатии мушобеҳ бо  300 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин марҳилаи дуюми ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» муаррифӣ карда шуд. Хатти нави технологӣ дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна маъданро дошта, аз он хокаи тило истеҳсол мешавад.

Арзиши умумии сохтмони марҳилаи дуюми ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 650 миллион сомониро ташкил намуда, дар он таъсиси 600 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед