Ru  | Tj
Дар Душанбе бунёди як мактаби муосир барои 3500 хонанда оғоз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе бунёди як мактаби муосир барои 3500 хонанда оғоз мешавад
Акс: Интернет

Дар Душанбе бунёди як мактаби муосир барои 3500 хонанда оғоз мешавад

Нашр шуд

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахти кишвар аз оғози корҳои сохту сози як муассисаи муосири таълимӣ барои 3500 хонанда хабар дод. 

Ба иттилои Сарраёсати меъморӣ, ин мактаб дар заминаи  муассисаи теҳасилоти миёнаи умумии рақами 19 дар ноҳияи Синои пойтахт ва дар рӯ ба рӯи ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» бунёд мешавад. 

Манбаъ гуфтааст, ки бо супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи бинои мактабро КФ КВД «Лоиҳакаш» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия намудааст ва фармоишгари он ҶДММ «Сарманзил» мебошад. 

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 14 ҳазору 228 ҷой ва 14 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1980 ҷой бунёд гардида буданд. 

“Сарманзил” ширкати марбут ба соҳибкори маъруф Маҳмудҷон Муродов аст. Муродов соли гузашта барои Мактаб- интернати рақами 1-и ноҳияи Сино хобгоҳи муосир бунёд карда буд. Ин соҳибкор ҳамчунин ба чандин нафарони маъюб ва кормандони давлатӣ манзил ҳадя кардаву ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо ба нафарони ниёзманд кӯмак мерасонад.  


“Шаҳри ҳушманд" дар Тоҷикистон İT-парк бунёд мекунад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед