Ru  | Tj
Дар Душанбе дар як рӯз се мактаб ва се ҳунаристон ифтитоҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе дар як рӯз се мактаб ва се ҳунаристон ифтитоҳ шуд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар Душанбе дар як рӯз се мактаб ва се ҳунаристон ифтитоҳ шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе се мактаби таҳсилоти умумӣ ва се ҳунаристони омӯзиши рақс, мутрибӣ ва овозхонӣ барои кӯдаконро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Рӯзи 27 август Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Зимни ифтитоҳи мактаби нав ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он аз 3 ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дорои 72 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлис бо 500 ҷойи нишаст мебошад.

Зикр мешавад, ки дар маҳаллаи Ховарон, ки навбунёд аст, норасоии муассисаҳои таълимӣ аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Фарзандони сокинони ин маҳалла то бунёди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 барои таҳсил тақрибан 3 километр роҳро тай мекарданд.

Инчунин дар ин рӯз дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, ки ҳарду дар як бино ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки дар коллеҷи хореографӣ се шуъба - рақси классикӣ, рақси халқӣ ва рақси муосир фаъолият дошта, машғулиятҳо бо ҷалби омӯзгорони соҳибмактаб амалӣ карда мешаванд.

Дар Коллеҷи санъат бошад 11 шуъба, аз ҷумла “Мусиқишиносӣ”, “Фортепиано”, “Дирижёри хори академӣ”, “Созҳои тории оркестрӣ”, “Созҳои нафасӣ ва зарбӣ”, “Созҳои оркестри халқӣ”, “Сурудхонӣ (академӣ)”, “Сурудхонӣ (анъанавӣ)”, “Режиссура (ороиши овоз)”, “Санъати эстрада (мусиқии созӣ)” ва “Санъати эстрада (сурудхонӣ)” фаъолият менамояд. Ҳоло дар Коллеҷ зиёда аз 300 нафар донишҷӯ дар шакли рӯзона ва ғоибона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳсил менамоянд.

Дар баробари ин рӯзи 27 август дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 мавриди истифода қарор дода шуд. Мактаб 5 бинои 3 ошёна ва 58 синфхона дошта, барои 2 ҳазору 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт низ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 мавриди истифода қарор гирифт.

Мактаб барои 2600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз чор ошёна ва таҳхона ва дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.
Дар идомаи ин рӯз дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.

Ҳунаристони мазкур дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд. Дар ҳунаристони мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед