Ru  | Tj
Дар Душанбе фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ баргузор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ баргузор мегардад
Акс: Sputnik

Дар Душанбе фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ баргузор мегардад

Нашр шуд

Сарраёсати молияи пойтахти Тоҷикистон барои баргузории фестивали байналмиллалии "Шукуфаҳои пойтахт" 200 000 сомонӣ ҷудо мекунад.

Ба иттилои АМИТ "Ховар", аз 6-ум то 10-уми декабри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат мегирад.

Ба гузориши манбаъ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин бора қароре ба тасвиб расонидааст. 

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур ба он мақсад роҳандозӣ гардидааст, ки байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди давлатҳои аъзои ИДМ муносибати дӯстона таҳким ва эҷодиёти фарҳангии насли оянда рушд ёбад.

Ҳамчунин, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳои чорабинӣ чораҷӯӣ кунанд.

Илова мегардад, ки иҷрои кори ҳамоҳангсози фестивали мазкур ба ӯҳдаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гузошта шудааст.


Хости фаъолони маданӣ аз шаҳрдорӣ: “Роҳкирои талабаҳо дар Душанбе бояд ройгон шавад”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед