Ru  | Tj
Дар Душанбе Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад
Акс: ASIA-Plus

Дар Душанбе Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад

Нашр шуд

Иштирокчиёни нишаст номзади Директори нави Котиботи форумро рӯзи 30 -юми ноябр тасдиқ менамоянд.

Ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон иҷлоси XIV-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад.

Ба таъкиди манбаъ, роҳбарони ҳайатҳо ҳангоми баргузории форум ба масоили ҳамкориҳои судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, инчунин равандҳои минтақа ва ҷаҳон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки дар нишаст нақшаи кории котиботи форум барои соли 2022 қабул карда мешавад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки 29-уми ноябри соли 2021 дар пойтахти кишвар аввалин Анҷумани соҳибкорони «Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея»  бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея ва намояндагони бахши хусусӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки иҷлоси XIII-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея 25-уми ноябри соли 2020 дар шаҳри Сеул баргузор гардида буд.


Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва UNODC барномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед