Ru  | Tj
Дар Душанбе густариши ҳамкорӣ миёни ВКД ва «Интерпол» баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе густариши ҳамкорӣ миёни ВКД ва «Интерпол» баррасӣ гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Душанбе густариши ҳамкорӣ миёни ВКД ва «Интерпол» баррасӣ гардид

Нашр шуд

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилаи кишвар хабар додааст, ки муовини Вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода бо ҳайати расмии Созмони байналмилалии полиси ҷиноятӣ «Интерпол» дар Душанбе дидор кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ дар ин дидор сардори Раёсат оид ба корҳои глобалӣ ва дастгирии минтақавии «Интерпол» Абдулазиз Убайдулло низ ҳузур доштааст.
 
Бо истинод бар иттилои Маркази матбуоти Вазорат дар ин дидор масъалаҳои васеи густариши ҳамкорӣ миёни Бюрои миллии маркази «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиботи генералии «Интерпол» ва масъалаи дастгирии техникӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи мақомот мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо вобаста ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар робита ба ҳаводиси Афғонистон ва ҳамчунин хусусияти ҷаҳонӣ гирифтани ҷиноятҳои муташаккилона, роҳҳои мубориза бо ин падидаҳо ва табодули иттилоот изҳори назар намудаанд.


Рустами Эмомалӣ ва Сафири Британияи Кабир густариши ҳамкорӣ ва таҳкими марзро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед