Ru  | Tj
Дар Душанбе иди Меҳргон таҷлил карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе иди Меҳргон таҷлил карда шуд
Акс: Большая Азия

Дар Душанбе иди Меҳргон таҷлил карда шуд

Нашр шуд

Меҳргон барои рушди сайёҳии Тоҷикистон яке аз  соҳаҳои асосии мусоидаткунанда дониста шуд. 

Дирӯз дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри  Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ иди Меҳргон таҷлил карда шуд. Дар  ин бора Агентии иттилоотии “Ховар” хабар медиҳад. 

Гуфта мешавад, ки иди Меҳргон ва идҳои хоси миллӣ, аз ҷумла ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои Сада, Меҳргон бо мақсади диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон ҷалб кардан, таҷлил карда мешавад. 

Бояд гуфт, ки Меҳргон — ҷашни ом, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод аст. Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ дар арафаи идҳои миллии мардумӣ таблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии деҳот ва ташкили хатсайрҳо ба роҳ монда шудааст.

Ҷашни атлас дар вилояти Суғд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед