Ru  | Tj
Дар Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад
Акс: Интернет

Дар Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад

Нашр шуд

Шурӯъ аз ҳафтаи оянда дар баъзе аз ноҳияҳои Душанбе оби ошомиданӣ қатъ мегардад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, сабаби қатъи барномавии об таъмири истгоҳҳои обтаъминсозии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ”, “Кофарниҳон", "Худҷореъ” ва “Фишорӣ” мебошад.
Гуфта мешавад, оби ошомиданӣ тибқи нақша аз соати 23:00-и 12 то соати 24:00-и 13 октябр дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ) қатъ мегардад.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ба Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ ва ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон — 1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и ноҳияи И.Сомонӣ низ интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мешавад.
Инчунин дар санаи 13 октябр дар маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон — 1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамиршиқор интиқоли оби ошомиданӣ боздошта мешавад.
Сокинони кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино ва кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеи ноҳияи Фирдавсӣ ҳам тӯли ин рӯз беоб хоҳанд монд.
Аз 19 то 20 октябр интиқоли об дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дустӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Мирали Маҳмадалиев ва Абдуллоев Наҷмиддин қатъ мешавад.
Дар ин рӯз интиқоли об дар, кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД "Роҳи оҳан" то бинои КВД меҳмонхонаи "Душанбе" ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад.
Мақомоти шаҳри Душанбее аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.
Ҳамзамон раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" уҳдадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед