Ru  | Tj
Дар Душанбе "Литсейи Умари Хайëм" ба баҳрабардорӣ расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе "Литсейи Умари Хайëм" ба баҳрабардорӣ расид
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Душанбе "Литсейи Умари Хайëм" ба баҳрабардорӣ расид

Нашр шуд

Имрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”-ро ифтитоҳ намуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, ин муассисаи нави таълимӣ барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз 8 бинои 3 ва 4-ошёнаи бо ҳам пайваст ва​ 70 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ иборат мебошад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар таълимгоҳи нав бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 имконоти фарох муҳайё карда шудаанд.


Гуфта мешавад, ин литсей дорои озмоишгоҳҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика, компютерӣ, робототехника, китобхона, мусиқию рассомӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар онҳо дастгоҳу аёнияти зарурӣ васлу насб гардидаанд.

Манбаъ афзудааст, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳини шиносоӣ бо шароити муосири донишомӯзӣ дар литсейи нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдомҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти такмили инфрасохтори соҳаи маориф намуна арзёбӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвар бинои нави мактаби рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва​ бинои иловагии мактаби​ рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансур ба баҳрабардорӣ расиданд.

Президенти кишвар ҳамасола дар арафаи оғози соли хониши нав дар маросими ифитоҳи мактбаҳои тозабунëд ширкат ва суханронӣ менамояд.


Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед