Ru  | Tj
Дар Душанбе маркази хидматрасонии "Сад ранги чакан" ифтитоҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе маркази хидматрасонии "Сад ранги чакан" ифтитоҳ шуд
Акс: Your.tj

Дар Душанбе маркази хидматрасонии "Сад ранги чакан" ифтитоҳ шуд

Нашр шуд

Акнун бонувон ва духтарони хоҳишманд метавонанд дар ин маркази нави хидматрасонӣ дар Душанбе чакандӯзиро омӯзанд.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маркази "Сад ранги чакан", ки дар маҳаллаи Азизбекови ин ноҳия ба баҳрабардорӣ расидааст, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ бунëд шудааст.

Гуфта мешавад, имрӯз ин марказ бо ҳузури раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф ва дигар ашхоси масъул кушода шудааст ва дар он барои омӯзиши санъати миллии чакандӯзӣ тамоми шароити лозим фароҳам гардидааст.

Манбаъ меафзояд, дар маркази мазкур барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.

Бояд гуфт, чакан як намуд гулдӯзии миллӣ дар рӯи матоъҳои пахтагӣ ва абрешимист ва куртаи чакан аз либосҳои таърихии бонувони тоҷик ба шумор меравад. Чаканро тоҷикон бештар дар Наврӯзу Меҳргон ва дигар ҷашну маъракаҳо ба бар мекунанд.

Чакан бо ташаббуси Тоҷикистон ба феҳрасти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО низ ворид шудааст. Соли гузашта ҳамчунин, дар кишвар фестивали ҷумҳуруявии "Сад ранги чакан" баргузор шуда буд.

Ду нафар тоҷикони муқими Русия бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардиданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед