Ru  | Tj
Дар Душанбе Маркази мубориза бо маводи мухаддири СҲШ таъсис мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе Маркази мубориза бо маводи мухаддири СҲШ таъсис мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Душанбе Маркази мубориза бо маводи мухаддири СҲШ таъсис мешавад

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, таъкид кард, ки «ҳукумати ин кишвар барои фаъолияти босамари ин сохтор тамоми шароити заруриро фароҳам меорад».

Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар нишасти ин созмон дар Остона тасмим гирифтанд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази мубориза бо маводи мухаддир таъсис диҳанд.

Дар ин бора ба ТАСС Аҳмад Саидмуродзода, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар СҲШ хабар дод.

«Дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе ба унвони як ниҳоди мустақил тавофуқи ниҳоӣ ҳосил шуд», - гуфт вай.

Саидмуродзода зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш изҳор дошт, ки “ҳукумати ин кишвар барои фаъолияти босамари ин сохтор тамоми шароити заруриро фароҳам хоҳад овард”.

Ба гуфтаи вай, раҳбарони кишварҳои узви СҲШ пешниҳодотро барои тақвияти фаъолияти созмон тасвиб карданд, ки аз ҷумла таҳия ва имзои “созишномаи байналмилалӣ, ки ҳадаф, вазифа, салоҳият, сохтор ва воҳидҳои кории Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанберо дар назар дорад».

"Раванди музокирот барои имзои ин созишнома фавран пас аз нишасти Остона оғоз мешавад", - таъкид кард ҳамоҳангсози миллӣ аз Тоҷикистон.

Хотиррасон мекунем, ки ташаббуси таъсиси Маркази мубориза бо маводи мухаддир дар доираи СҲШ-ро Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсе таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” дар моҳи майи соли 2019 дар Душанбе матраҳ карда буд.

Бояд гуфт, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон тулонитарин марз бо Афғонистонро дорад, ки 1344 километрро ташкил медиҳад.

Мақомоти интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон ҳамасола чанд тонна маводи мухаддири аз қаламрави Афғонистон қочоқшударо мусодира мекунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед