Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Душанбе масъалаи роҳандозии долони Чин – Туркия тавассути Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад
Нашр шуд
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Гурӯҳи кории сатҳи баланд вобаста ба гузаргоҳи мултимодалии "Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия" баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, ҷаласаи мазкур рӯзи 21-уми сентябр дар Душанбе бо сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки тибқи тавсияи "Эъломияи Анқара", ки дар ҷаласаи 11-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ моҳи феврали соли 2022 қабул шуд, таҳияи барнома ва татбиқи лоиҳаи рушди роҳи худравгарди «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» ва долони нақлиётии мултимодалӣ" дар назар дошта шудааст.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва сода кардани расмиёти савдо, бахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, баррасӣ карда шавад.
Қарор аст, ки дар ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ мақомдорони баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Роҳи Оҳани Эрон, Вазорати нақлиёт ва зерсохти Туркия, Вазорати нақлиёти Узбекистон, Роҳи оҳани Туркманистон ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ширкат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки масири нави интиқоли бор аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон моҳи октябри соли 2022 дар Душанбе дар ҷараёни Конфронси байналмилалии "Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа" муаррифӣ шуда буд. Дар бораи ифтитоҳи долони мултимодалии "Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия” дар ин конфронс вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дода буд.
"Истифодаи долон аз ҷиҳати кам кардани масофа ва коҳиш додани хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст", - гуфта буд вазир.
Ба гуфтаи Азим Иброҳим, афзалияти ин долон он аст, ки қаламрави Тоҷикистон бо Чин тавассути роҳи худравгард пайваст аст ва ин ба эҳёи Роҳи бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақаӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдоварӣ мекунем, ки Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ахиран дар аввалин ҷаласаи вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ дар Душанбе гуфт, ки кишвараш қасд дорад барои иҷрои тарҳҳо дар бахши нақлиёт 6,3 милярд доллар ҷалб кунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед