Ru  | Tj
Дар Душанбе масъалаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе масъалаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид
Акс: ТоҷикТА

Дар Душанбе масъалаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид

Нашр шуд

Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи делимитатсия ва деморкатсияи марзи ин ду кишварро баррасӣ намуданд.

Чӣ тавре, ки Маркази матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад, тибқи тавофуқи ҷонибҳо, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографони ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки ҳайатҳои ду ҷониб ҳаногоми вохӯрӣ масъалаи делимитатсия ва деморкатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Аммо ҷузъиёти нишаст шарҳ дода нашудааст.

Илова мегардад, ки ҷаласаи мазкур аз 25-ум то 30-юми октябри соли 2021 дар пойтахти кишвар дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамфикрӣ баргузор гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки нишасти навбатии гурӯҳҳои кориро дар қаламрави Қирғизистон баргузор кунанд.

Масоҳати сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 970 километрро ташкил намуда, то имрӯз ҳамагӣ 519 километр делимитатсия ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар қитъаҳои баҳсбарангези марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аксари вақт барои замин, об, убури ғайриқонунии сарҳад муноқиша сар мезанад, ки бори охир моҳи апрели соли 2021 рух дода буд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди муноқишаҳои сарҳадӣ омодаи гуфтушуниди мусолиматомезанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед