Ru  | Tj
Дар Душанбе масъалаи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе масъалаи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа баррасӣ гардид
Акс: Sputnik

Дар Душанбе масъалаи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа баррасӣ гардид

Нашр шуд

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи UNAMA вохӯрӣ намуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Фарҳод Салим бо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини раёсати Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Метте Кнудсен рӯзи 8-уми декабри соли 2021 дидор намуд.

Ба таъкиди манбаъ, хонум Метте Кнудсен бо мақсади ширкат дар ҷаласаи 11-уми муовинони Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Гуфта мешавад, ки дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи  масъалаи вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа, ҳолати башардӯстонаи ин кишвар ва зарурати расонидани кӯмаки саривақтии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ибрози назар карданд.

Лозим ба ёдоварист, ду рӯз аст, ки  дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 11-уми муовинони Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараён дорад. 

Ҳамоиши мазкур ҳар сол дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, ки Тоҷикистон соли 2015 низ ҷаласаи ҳаммонандро мизбонӣ карда буд.


Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо Мудири кулли Бунёди Кувайт дидору гуфтугӯ кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед