Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Душанбе масоили сарҳад ва пешгирии ҳаракати террористҳоро баррасӣ мекунанд
Нашр шуд
Моҳи оянда дар Душанбе Конфронси байналмилалии бо унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ин ҳамоиши сатҳи баланд рӯзҳои17-19-уми октябр бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Арабистони Саудиву Давлати Қатар гузаронида мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар маросими ифтитоҳии ин конфронс Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ ҷаноби Владимир Воронков ва дигар намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ суханронӣ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, аз натоиҷи ин ҳамоиш ҷонибҳои ширкатдор «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»-ро қабул мекунанд.
Лозим ба зикр аст, ки конфронси мазкур ҷузъи таркибии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ба шумор меравад, ки моҳи майи соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар соли 2018 таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва ИА роҳандозӣ шуда буд.
Соли 2019 низ дар Душанбе ҳамин гуна як конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» доир гардид.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед