Ru  | Tj
Дар Душанбе миëни устодони донишгоҳҳои кишвар мусобиқаи шоҳмот баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе миëни устодони донишгоҳҳои кишвар мусобиқаи шоҳмот баргузор мешавад
Акс: Интернет

Дар Душанбе миëни устодони донишгоҳҳои кишвар мусобиқаи шоҳмот баргузор мешавад

Нашр шуд

Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСиС” дар Душанбе байни устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусобиқаи шоҳмотбозӣ мегузаронад.

Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати маориф ва илм, ин мусобиқа рӯзи якуми октябр ва ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди кушодашавии филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСиС” баргузор мешавад.

Манбаъ меафзояд, ҳар як донишгоҳ бояд то 30-юми сентябри соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро бо зикри насаб, ном ва номи падари ду омӯзгор ва вазифаи онҳо ба филиали “МИСиС” пешниҳод намояд.

Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС" дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон соли 2012 таъсис ёфтааст. Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологӣ дар заминаи Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав таъсис ёфта, дорои шуҳрати ҷаҳонӣ мебошад ва яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Русия ба шумор меравад. Дар филиали ин муассиса дар Душанбе кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои энергетика, саноат, металлургия, геология, кӯҳкорӣ ва ғайра омода карда мешаванд.

Дар Душанбе маркази хидматрасонии "Сад ранги чакан" ифтитоҳ шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед