Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе миёни бонувон Чемпионати CAFA баргузор карда мешавад
Нашр шуд
Дар чемпионат дастаи занони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.
Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар пойтахти кишвар аз 11-ум то 15-уми март баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, мусобиқаи мазкур байни варзишгарзанони то 18 сола гузаронида мешавад.
Ба таъкиди манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро (U-18) ба ин чемпионат сармураббӣ Изатулло Исҳоқов омода менамояд.
Зикр мегардад, ки дар доираи Чемпионати CAFA-2022 дар маҷмӯъ 6 бозӣ анҷом дода мешавад.
Ғолибони мусобиқа аз руйи холҳои бадастоварда муайян мегарданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед