Ru  | Tj
Дар Душанбе муассисаи нави таълимӣ - "Гимназияи Нуриддин" ифтитоҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе муассисаи нави таълимӣ - "Гимназияи Нуриддин" ифтитоҳ шуд
Акс: Sputnik

Дар Душанбе муассисаи нави таълимӣ - "Гимназияи Нуриддин" ифтитоҳ шуд

Нашр шуд

Дирӯз бо ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт як муассисаи хусусии таълимӣ ба баҳрабардорӣ расид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин» аз ҷониби соҳибкор Абдураҳмон Қосимов бунёд гардида, таълиму тарбия дар он мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад.

Манбаъ меафзояд, ин гимназия барои таълиму тарбияи 2 ҳазор хонанда дар як баст пешбинӣ гашта, аз 70 синфхонаи барҳавою зебо иборат мебошад ва дар тамоми синфхонаҳои он тахтаҳои электронӣ насб гардидааст.

Ҳамчунин, дар муассиса 22 кабинети фаннӣ ташкил гардида, ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Дар ин гимназия  лабораторияи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои назариявии химия ва лабораторияи физика бо тамоми дастгоҳҳои заруриву аёнияти хониш таъсис ëфтааст.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамчунин дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани биноҳои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳо ширкат намуда, бо шароити муосири донишомӯзӣ дар ин ҷо шинос шуд ва ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод.

Дар Ӯзбекистон силсилаи китобҳои адибони маъруфи тоҷик ба табъ расид



 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед