Ru  | Tj
Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии CAFA -2021 миёни мунтахабҳои занона оғоз меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии CAFA -2021 миёни мунтахабҳои занона оғоз меёбад
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии CAFA -2021 миёни мунтахабҳои занона оғоз меёбад

Нашр шуд

11 -уми июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20 сола (U20) оғоз мешавад.

Ба навиштаи саҳифаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, 11-уми июн дар Душанбе мусобиқаи қаҳамронии CAFA -2021 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U20) ифтитоҳ ёфта, то 17-уми июн идома меёбад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2021 мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Эрон, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон рақобат мекунад.

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давра доир гардида ва дастае ғолиб дониста мешавад, ки имтиёзҳои бештар ба даст орад.

Манбаъ афзудааст, ки тамоми бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузаранд. 

Донишҷӯи Тоҷикистонӣ дар як мусобиқаи байналмилалии муҳорибавӣӣ дар Маскав пирӯз шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед