Ru  | Tj
Дар Душанбе намоишномаҳои "Театри лухтаки ба номи Образсов"-и Русия ба саҳна гузошта мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе намоишномаҳои "Театри лухтаки ба номи Образсов"-и Русия ба саҳна гузошта мешаванд
Акс: Интернет

Дар Душанбе намоишномаҳои "Театри лухтаки ба номи Образсов"-и Русия ба саҳна гузошта мешаванд

Нашр шуд

Сафари ҳунарии кормандони театри машҳури лухтаки ба номи С.В. Образсов ба Тоҷикистон 3 рӯз (16-18-уми ноябр) давом мекунад.

Ба иттилои оҷонсии иттилоотии "Авеста ", ин театри машҳури рус дар Тоҷикистон на танҳо намоишномаҳои бачагонаро ба саҳна мегузорад, инчунин дар барномаи сафарии театр барномаҳои ҷолибе барои калонсол низ пешбинӣ гардидааст. 

Гуфта мешавад, ки намоишномаи "Консерти ғайриоддӣ"-и театри Образсов чун варақаи касбу кор эътироф гардида, 75 сол инҷониб муваффақона дар театрҳои дохилию хориҷӣ рӯйи саҳна гузошта мешавад.

Зикр мегардад, ки намоишномаи "Консерти ғайриоддӣ" ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шуда, он дар зиёда аз 90 давлати дунё беш аз 10 ҳазор маротиба намоиш дода шудааст.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Росконсерт бо дастгирии Вазоратҳои фарҳанги Русия ва Тоҷикистон ва бо мусоидати намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.


Ладо Кватания ба Манижа Сангин пешниҳоди издивоҷ намудааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед