Ru  | Tj
Дар Душанбе нишасти Вазирони хориҷаи СҲШ баргузор шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе нишасти Вазирони хориҷаи СҲШ баргузор шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Душанбе нишасти Вазирони хориҷаи СҲШ баргузор шуд

Нашр шуд

Дар нишасти Вазирони хориҷии кишварҳои узви СҲШ масоили марбут ба вазъи кунунии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва бартарафсозии оқибатҳои пандемияи COVID-19 баррасӣ шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзҳои 13-ум ва 14-уми июл дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Вазирон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти 20-солаи СҲШ, вазифаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории кишварҳои узв дар чорчӯби ин созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин ҷаласа қарори махсус барои ба нишасти сарони кишварҳои СҲШ пешниҳод намудани Барномаи таҷдидшудаи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм барои солҳои 2022-2024 ба имзо расид.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳолати кунунии Афғонистонро мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, аз ташаннуҷи авзоъ дар ин кишвар дар пасманзари ихроҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ изҳори нигаронӣ кард.

Ҳамчунин дар нишасти вазирон масоили густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва роҳандозии чорабиниҳои муштарак ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемияи COVID-19 муҳокима гардид.

Имсол Тоҷикистон раёсати давраӣ дар Созмони ҳамкории Шанхайро ба зимма дорад ва саммити ҷашнии ин созмон 16-17-уми сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад. Раёсати давраӣ дар СҲШ моҳи ноябри соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон гузашта буд. Русия, Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон узви СҲШ ҳастанд.

Нишасти онлайнии вазирони корҳои хориҷии ИДМ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед