Ru  | Tj
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Белорус баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Белорус баргузор мешавад

Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Белорус баргузор мешавад

Нашр шуд

Аз 25 то 27 ноябри соли ҷорӣ дар Душанбе дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои ин кишвар доир мегарданд. Дар ин бора муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар дод.

Дар доираи ин чорабинӣ, филмҳои ҳунарӣ, мустанад ва тасвирии истеҳсоли Беларус ба алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Беларус асри рӯзи 25 ноябр дар толори синамои «Наврӯз» баргузор мегардад ва филми ҳунарии “Қалъаи сиёҳ” манзури тамошобинон хоҳад шуд.

Ҳамзамон, бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Турова Елена барои хоҳишмандон рӯзҳои 25, 26 ва 27-уми ноябр дар мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарсҳои “Устод ва шогирд” пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон рӯзи 26 ноябр дар толори синамои ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади “Орзуи қаҳрамон” ва филми тасвирии “Суруди Сирен” намоиш дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ бори дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд. Ба гуфтаи масъулин ин чорабиниҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши таҳияи филмҳои муштарак миёни Тоҷикистон ва Белорус заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Гуфтанист, қарор аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон аз 24 то 27 ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед