Ru  | Tj
Дар Душанбе ронандагон бар асоси сабтҳои видеоӣ ҷарима мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе ронандагон бар асоси сабтҳои видеоӣ ҷарима мешаванд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Дар Душанбе ронандагон бар асоси сабтҳои видеоӣ ҷарима мешаванд

Нашр шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар Душанбе беш аз 1000 дастгоҳи сабти видео насб шудааст. Ин таҷҳизот тамоми нақзи қоидаҳои ронандагиро сабт карда, ба Бозрасии давлатии автомобилӣ интиқол медиҳанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, алакай тавассути ин дастгоҳҳо чанд ҳолати қонуншиканӣ сабти видеоӣ шудааст. Ҳамин тариқ, ронандае боздошт шуд, ки ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, ҳолати фавқулоддаи хатарнок эҷод кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, ки нисбати нақзкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи моддаи 326-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шуда, худравҳо ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ интиқол шудаанд.

Ҳамзамон Вазорати корҳои дохилӣ шаҳрвандонро ба риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ даъват намуда, ҳушдор медиҳад, ки низоми назорати видеоӣ ба таври доимӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ фаъолият хоҳад кард.

Дар баробари ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар роҳҳои шаҳри Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагузар барҳам дода шуд.
 
Ба таъкиди ин ниҳод, яке аз сабабҳои ба миён омадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт, дар масофаи наздик ҷойгир будани баъзе аз гузаргоҳҳои пиёдагардон маҳсуб мешавад.

Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби мутахассисони соҳа 17 адад чунин гузаргоҳ муайян карда шуданд. Ба назардошти ба стандартҳои қабулгардида мутобиқ намудани роҳҳои мошингарди пойтахт, дар асоси дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, гузаргоҳҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа барҳам дода шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед