Ru  | Tj
Дар Душанбе рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намуданд
Фото: ТоҷикТА

Дар Душанбе рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Тоҷикистону Кувайт ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати баргузор намудани Форуми сармоягузории ду кишвар кор мебаранд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбари ин ниҳод Саъдӣ Қодирзода бо муовини Вазири молияи Давлати Кувайт Асил Сулайман Ас-Саад Ал-Мунифӣ мулоқот ва рушди равобити иқтисодиро баррасӣ кард.

Гуфта мешавад, дар ин дидор масоили марбут ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон, дастгирии сармоягузорӣ дар доираи Солҳои рушди саноат ва тақвияти ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардидааст.

Манбаъ меафзояд, Завқизода ба ҷониби кувайтӣ доир ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат ва имтиёзҳои барои сармоягузорон муайянгардида иттилоъ додааст.

Бояд гуфт, ки муовини Вазири молияи Кувайт Асил Сулайман Ас-Саад Ал-Мунифӣ ва  ҳайати кувайтӣ ба манзури ширкат дар ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт ба Душанбе омадааст. Ин ҷаласа дирӯз дар Душанбе оғоз гардида буд ва то 22-юми сентябр идома меëбад.

Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ соли 2017 дар Кувайт баргузор шуда буд.


Тоҷикистон ва Чин: баррасии рушди муносибатҳо дар Душанбе


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед