Ru  | Tj
Дар Душанбе сафорати нави Узбекистон ифтитоҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе сафорати нави Узбекистон ифтитоҳ шуд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар Душанбе сафорати нави Узбекистон ифтитоҳ шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи сафорати нави Ҷумҳурии Узбекистон дар пойтахти Тоҷикистон ширкат карданд.

Рӯзи 19-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дар маросими ифтитоҳи сохтмон (бино)-и нави сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд. Ин ҳамоиш дар чаҳорчӯби сафари давлатии раисҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ сохтмони нави сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанберо расман ба баҳрабардорӣ расонданд.

Раҳбарони ду кишвар аз сохтмони сафорат боздид карда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду кишвар соядаст гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон 22-юми октябри соли 1992 барқарор шудааст.

Баъдан моҳи январи соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии доимии дипломатии худро дар шаҳри Тошканд – пойтахти Узбекистон боз кард. Аз сӯйи дигар сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе 15-уми майи соли 1998 ифтитоҳ шуд.

Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки сохтмонсозии сафоратхонаи нави Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд аз моҳи декабри соли 2021 расман оғоз шудааст. Замин барои сафорати нави Тоҷикистон дар маҳали Себзори шаҳри Тошканд ба масоҳати 1,4 ҳектор ҷудо шудааст.

Бояд гуфт, ки Шавкат Мирзиёев, кишвардори Узбекистон рӯзи 18-уми апрел бо сафари давлатии дурӯза вориди Тоҷикистон шуда, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти олии ин кишвар дидору мулоқот анҷом дод.

Дар поёни ин мулоқоту музокирот миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла тавофуқномаи ҳампаймонӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Гуфтанист, дар 32 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвар беш аз 250 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки аз ин 153 санади ҳамкорӣ ба панҷ соли охир рост меояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед