Ru  | Tj
Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои худкор барои худравҳо фаъол мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои худкор барои худравҳо фаъол мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои худкор барои худравҳо фаъол мешаванд

Нашр шуд

Таваққуфгоҳҳои худкори пулакӣ (поркингҳо) барои нақлиёт дар шаҳри Душанбе аз 20 июн ба кор шурӯъ мекунанд.

Ҳадафи ин иқдом танзими ҳаракати нақлиёт дар Душанбе ва кам кардани ҳолати тамбашавӣ дар роҳҳои мошингард унвон шудааст. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар якчанд нуқтаҳои шаҳри Душанбе, ки қаблан таваққуфи бесарусомони мошинҳо бештар ба назар мерасид, ҷойгир карда мешаванд. Аз ҷумла, дар хиёбони Рӯдакӣ аз меҳмонхонаи «Душанбе» то истгоҳи роҳи оҳан дар ду тарафи роҳ,  дар муқобили  фурӯшгоҳи «Олами китоб», дар кӯчаи Мирзо Турсунзода дар тӯли боғи «Куруши Кабир», дар кӯчаи Ғаффор Валаматзода аз бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур то корхонаи «Ёқут – 2000» ва маконҳои дигар, ки бо аломатҳои дахлдор нишон дода шудааст, фаъол мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ронандагон метавонанд бо мавқеи ҷойгиршавии таваққуфгоҳи пулакӣ дар сомонаи neru.dc.tj ва инчунин дар барномаи мобилии Neru шинос шаванд.
 
Дар ин замина зикр мешавад, ки дар шаҳри Душанбе як соати истифода аз таваққуфгоҳи худкори пулакӣ барои худравҳо 3 сомонӣ аст.
 
Дар баробари ин шахсони маъюби гурӯҳи 1-2, инчунин мошинҳои хадамоти фавқулодда бо нишонаҳои махсус (сӯхторхомӯшкунӣ, милитсия, ёрии таъҷилӣ ва ғайра), метавонанд аз таваққуфгоҳҳои пулакӣ ройгон истифода баранд.

Давомнокии ҷойгиркунии воситаи нақлиёт дар таваққуфгоҳи пулакӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба истиснои 10 дақиқаи аввал, ки ройгон аст,  ҳисоб карда мешавад. Пас аз 10 дақиқаи ройгон, ронанда бояд барои истифодаи он пардохт намояд ва мӯҳлатро тамдид кунад.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки дар сурати пардохт накардани ҳақи истифодаи таваққуфгоҳ ҷарима пешбинӣ шудааст. Дар сурати напардохтани ҷарима бошад, бо ёрии блокиратор ҳаракати воситаи нақлиёт маҳдуд мешавад ва ё воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол дода шавад.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Маҷлиси намояндагон созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Нет Солюшенс» ва ҶСП «Душанбе Сити Банк» дар бораи татбиқи лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва низоми худкори бақайдгирии нақзи  қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро тасдиқ кард. Гуфта шуд, ки барои татбиқи лоиҳа то 10 миллион доллар сармоя ҷалб карда мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед