Ru  | Tj
Дар Душанбе техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзии Русияро ба намоиш мегузоранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзии Русияро ба намоиш  мегузоранд
Акс: Интернет

Дар Душанбе техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзии Русияро ба намоиш мегузоранд

Нашр шуд

Дар Душанбе намоиши техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзии истеҳсоли Русия баргузор мегардад.

Ба иттилои Палатаи савдо ва саноат, ин намоишгоҳ рӯзҳои 11-12-уми октябр ва таҳти унвони «Рӯзи саҳрои Русия ва Тоҷикистон» дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Намоишгоҳ аз ҷониби Вазорати саноат ва тиҷорати Русия бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати ин кишвар, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи «Росспетсмаш» баргузор мегардад.

Манбаъ меафзояд, ки ин намоишгоҳ ба кишоварзони тоҷик имкон медиҳад, ки бо техника ва технологияҳои муосири кишоварзии Русия шинос шаванд ва имкони муносиби харидорӣ пайдо намоянд. Дар ин баробар, таъкид шудааст, ки мошинсозони Русия низ ба ҳамкорӣ бо кишоварзони тоҷик манфиатдоранд.

Гуфта мешавад, дар ин намоишгоҳ ҳам бузургтарин истеҳсолкунандагони техникаҳои кишоварзӣ ва ҳам корхонаҳои хурди инноватсионӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия муаррифӣ мегарданд.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон тақрибан 24% техникаҳои кишоварзӣ, махсусан тракторҳо корношоям гаштаанду парки кишоварзии кишвар ба таҷдиди техникӣ ниёз дорад.

Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз қариб ҳама техникаҳои нави кишоварзӣ ба Тоҷикистон аз Белорус оварда мешаванд.




Намояндаи Толибон*: Ба марзи Тоҷикистон сарбоз нафиристодаем

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед