Ru  | Tj
Дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳо филмҳои белорусӣ намоиш дода мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳо филмҳои белорусӣ намоиш дода мешаванд
Акс: Интернет

Дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳо филмҳои белорусӣ намоиш дода мешаванд

Нашр шуд

Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Белорус ифтитоҳ меëбад.

Ба иттилои "Тоҷикфилм", 30-юми апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Белорус оғоз гардида, то 1-уми апрел идома меëбад.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо дар Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва ноҳияи Файзободу шаҳри Ҳисор филмҳои белорусӣ манзури бинандагони тоҷик мегарданд.

Манбаъ меафзояд, аз ҷумла 30-юми март, соати 10 дар кинотеатри «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Файзобод,  31-уми март, соати 10 дар кинотеатри «Ватан»-и Душанбе  ва  соати 19- и ҳамон рӯз дар кинотеатри «Наврӯз»-и  Душанбе филмҳои белорусӣ намоиш дода мешавад.

Ҳамчунин рӯзи 31-уми март, соати 10  дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Театри вилоятии шаҳри Хоруғ ва кинотеатри Лоҳутии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филмҳои белорусӣ  манзури бинандагон мегарданд.

Инчунин 1-уми апрел, соати 15 дар Қасри ҷавонони  Хуҷанд, соати 11, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови  Душанбе, соати 15 дар кинотеатри «Зебуннисо»-и  Душанбе ва соати 14 дар Қасри фарҳанги  Ҳисор филмҳои тавлиди Белорус намоиш дода мешаванд.

Манбаъ гуфтааст, синамосозони Белорус дар ин рӯзҳо ба Тоҷикистон филмҳои "Замони ҷанг одам будан", «Ахтарони осмони ҳафтум», «Моҷароҳои Прантиш Вирвич», «Қисмати тахрибкор» ва "Арвоҳи Киндервил"-ро овардаанд.

Рӯзи 30-юми март, соати 14 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои намояндагони  ВАО баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзҳои синамои кишварҳои хориҷи дуру наздик баргузор мегарданд. Рӯзи 30-юм дар баробари Рӯзҳои синамои Белорус дар Тоҷикистон ҳамчунин Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон оғоз меëбанд.


"Тоҷи Сомон". "Тоҷикфилм" аз таъсиси нахустин ҷоизаи миллии синамоӣ хабар дод


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед