Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Екатеринбург харитаи роҳ барои сайёҳони Тоҷикистон ва минтақаи Урал таҳия мешавад
Нашр шуд
Дар шаҳри Екатеринбург миёни Камолидин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Дмитрий Ионин, муовини раиси вилояти Свердловски Русия дар мавриди рушди сайёҳӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Барои сайёҳон аз Тоҷикистон ва Урали Русия харитаи роҳ таҳия мешавад, ки ҷараёни сайёҳии мутақобиларо афзоиш медиҳад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.
Дар пайи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки харитаи роҳ барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳия ва самтҳои асосии гардиши сайёҳии мутақобиларо муайян кунанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо табодули гуруҳҳои ҷавонон барои истироҳат дар урдугоҳҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва ташкили марафонҳои сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии Урали Миёна ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Муминзод бо ишора ба самтҳои асосии сайёҳӣ дар Тоҷикистон – куҳӣ, экологӣ ва тиббӣ гуфт: «Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия 141 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон омаданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 28% зиёд аст».
Ионин дар навбати худ гуфт, ки сокинони минтақаи Урали Миёна ба мавзеъҳои нави истироҳатӣ шавқу ҳаваси фаъолона зоҳир менамоянд ва Тоҷикистон ҳам мисли Урали Миёна барои сайёҳони Тоҷикистон ба яке аз маконҳои машҳур табдил ёфта метавонад.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 262 ҳазор нафар сайёҳ омад, ки нисбат ба соли 2022 92% бештар аст. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба ТАСС гуфтааст, интизор аст, ки то охири соли 2024 300 ҳазор сайёҳ аз Русия аз ин кишвар боздид кунанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед