Ru  | Tj
Дар Эрон даври дуввуми раъйдиҳӣ барои интихоботи раисҷумҳур оғоз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Эрон даври дуввуми раъйдиҳӣ барои интихоботи раисҷумҳур оғоз шуд

Дар Эрон даври дуввуми раъйдиҳӣ барои интихоботи раисҷумҳур оғоз шуд

Нашр шуд

Раъйдиҳӣ барои даври дуввуми интихоботи 14-уми раёсати ҷумҳурии Эрон соати ҳашти субҳ дар Эрон оғоз гардид.


Раъйдиҳии эрониёни бурунмарзӣ дар бархе аз кишварҳои шарқӣ қабл аз ин оғоз шуда буд.

Дар даври аввали интихоботи раисҷумҳур дар Эрон ҳеҷ як номзад натавонист бештар аз нисфи овозҳоро ба даст орад ва Масъуди Пизишкиён ва Саид Ҷалилӣ ду номзаде ҳастанд, ки ба даври дуввум роҳ ёфтанд.

Дар интихобот ҳама шаҳрвандони Эрон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд. Онҳое, ки дар марҳилаи аввал овоз надодаанд, низ метавонанд раъй диҳанд.

Бар асоси эъломи ситоди интихоботии Эрон, мизони ширкат дар даври аввал ҳамагӣ 40 дарсад буд, ки поинтарин сатҳи ширкати мардум дар ҳама давраҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин мизони ширкати мардумро дар интихобот "пасттар аз интизорӣ" хонда ва хостори ширкати бештар дар даври дуввум шуд.

Дар остонаи даври дуввуми интихобот номзадҳои пешсафи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон Масъуд Пизишкиён ва Саид Ҷалилӣ ду мунозираи мустақими телевизионӣ доштанд.

Созишномаи ҳастаӣ, лағви таҳримҳо дар сиёсати хориҷӣ, тарзи идораи интернет ва масъалаи ҳиҷоб дар меҳвари баҳси ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон буд.

Бояд гуфт, ки дар даври аввали интихобот номзади ҷиноҳи ислоҳталабон Масъуд Пизишкиён 10 миллиону 415 ҳазору 991 раъй, яъне 42 дарсади овозҳоро ба даст овард.

Саид Ҷалилӣ номзади ҷиноҳи усулгароён бошад соҳиби 9 миллиону 473 ҳазору 298 раъй, яъне 38 дарсади оро шуд.

Барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон номзад бояд беш аз 50% -и овози  интихобкунандагонро соҳиб шавад. 

Хотиррасон мекунем, ки 19 май дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ дар шимоли Эрон чархболи Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури ин кишвар суқут кард. Дар пайи ин ҳодиса Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш, аз ҷумла Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон ба ҳалокат расиданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед