Ru  | Tj
Дар Фарғона бо 7 млрд доллар тарҳҳои бузург амалӣ мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Фарғона бо 7 млрд доллар тарҳҳои бузург амалӣ мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Фарғона бо 7 млрд доллар тарҳҳои бузург амалӣ мешаванд

Нашр шуд

Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ 132 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар амалӣ мешавад, ки дар натиҷаи татбиқи онҳо беш аз 23 ҳазор ҷойи корӣ таъсис меёбад.

Дар ин бора ба Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон зимни сафар ба вилояти Фарғона иттилоъ доданд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии раҳбари Узбекистон, ки ба иқтисоди вилояти Фарғона ширкатҳои Австрия, Озарбойҷон, Чин, ИМА, Русия, Олмон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Ҷопон дар бахши саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, электротехника, тиббӣ ва дигар соҳаҳои саноат сармоягузорӣ мекунанд.

Дар ин замина гуфта мешавад, ки Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи муштараки корпоратсияи «Индорама»-и Сингапур барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ шинос шуд. Интизор аст, ки зарфияти истеҳсоли нуриҳои минeрaлӣ дар ин корхона то 300 ҳазор тонна расонида шавад.

Дар баробари ин дар ноҳияи Бешариқи Фарғона бо сармоягузории ширкати олмонии Hyper Partners сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 мегаватт дар назар аст. Интизор меравад, ки ин иншоот солона 1,6 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ба масрафи 675 ҳазор хонавода баробар аст.

Дар бахши энергетика ҳамчунин ширкати чинии Gezhouba Group қасд дорад, то охири соли ҷорӣ як махзани нигаҳдории нерӯи барқро бо иқтидори 150 мегаватт ба истифода диҳад. Ҳазинаи ин лоиҳа 144 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Рушди фаъоли минтақаи озоди иқтисодӣ низ мушоҳида мешавад, ки дар ҳудуди он 100 лоиҳа ба маблағи 370 миллион доллар амалӣ гардида, 9 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Корхонаҳои МОИ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба маблағи 60 миллион доллар маҳсулот содир карданд.

Бо назардошти таваҷҷӯҳи сармоягузорон минтақаи саноатӣ дар канори шаҳри Қувасой 210 гектар васеъ карда мешавад. Қарор аст, дар ин минтақа ҳудуди 185 корхона бо сармояи 1 миллиард доллар бунёд шуда, 12 ҳазор нафари дигар бо ҷойи кор таъмин гарданд.

Ғайр аз ин, дар Қуқанд минтақаи муштараки саноатии Узбекистон ва Чин дар майдони 230 гектар таъсис мешавад.

Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ, дар ҳафт соли охир ба вилояти Фарғонаи Узбекистон ба маблағи беш аз 6 миллиард доллар сармоягузорӣ ҷалб шудааст. Дар натиҷаи ин иқдомот 116 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис шуда, зарфияти содиротии ин вилоят ба 4,5 миллиард доллар расид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед