Ru  | Tj
Дар форуми Душанбе 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар форуми Душанбе 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Акс: Медиа Альянс

Дар форуми Душанбе 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Нашр шуд

Дар Душанбе бо ҳузури 400 меҳмони хориҷӣ ҳамоиши байналмилалии сармоягузории «Душанбе- Инвест-2021» баргузор гардид.

Ба иттилои шаҳрдории пойтахт, ин форум 14-уми октябр ва ба муносибати Рӯзи соҳибкор ва пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Манбаъ меафзояд, дар форум Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ ба таври маҷозӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Рустами Эмомалӣ таъкид дошт, ки татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисоди кишвар ба таври мунтазам рушд намуда, бо муҳайё намудани имконият ва додани имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш дода шуд.

Гуфта мешавад, дар доираи баргузории ин ҳамоиш миёни субъектҳои бахши давлатию хусусӣ ва соҳибкорону сармоягузорон 11 санади нави ҳамкорӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуданд.

Дар доираи форум ҳамчунин иштирокчиён аз намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2021» ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 ҳамасола дар кишвар 14 октябр чун Рӯзи соҳибкор таҷлил мешавад.

Ҳар сол дар ин рӯз дар мамлакат бо иштироки сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд.

Бизнес-Форуми дустии Тоҷикистону Узбекистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед