Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Рафаҳ 21 нафар кушта шуд
Нашр шуд
Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки бар асари ҳамлаи артиши Исроил ба урдугоҳи чодарии паноҳандагон дар ғарби шаҳри Рафаҳ дасти кам 21 нафар кушта шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ин ҳамла рӯзи 28-уми май дар урдугоҳи Ал-Мавосӣ сурат гирифт ва мақомоти Ғазза гуфтаанд, ки ба урдугоҳ чаҳор гулулаи тӯп расид.
Ҳамзамон гузориш шудааст, ки танкҳои исроилӣ ба маркази шаҳри Рафаҳ расида, дар ин минтақа пешравӣ мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, урдугоҳи ал-Мавосӣ дар маҳалле ҷойгир аст, ки Исроил ба ғайринизомиён қабл аз ҳамла ба Рафаҳ гуфта буд, то ба онҷо бираванд.
Ин расона, аз қавли мақомоти беҳдошти Ғазза навиштааст, ки дастикам 12 нафари кушташудагон дар ҳамла ба урдугоҳи ал-Мавосӣ занон будаанд.
Ин ҳамла ду рӯз баъд аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба урдугоҳи "Тал Султон" дар Рафаҳ сурат гирифт. Бар асари ин ҳамла дастикам 45 ғайринизомӣ кушта шуд ва он хашми ҷаҳониро барангехт.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ ба Исроил амр додааст, ки амалиёти низомиаш дар Рафаҳро қатъ кунад.
Кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар вокуниш ба ҳуҷуми хавоии Исроил ба урдугоҳи «Тал Султон» иҷрои ҳукми Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ ва таваққуфи ҳамалоти Исроил ба Рафаҳро талаб карданд.
Бояд гуфт, ки аз оғози ҷанг тақрибан якуним миллион сокини Ғазза дар Рафаҳ паноҳ бурдаанд.
Дар ҳамин ҳол Ожонси имдодрасонӣ ба паноҳандагони фаластинии Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар се ҳафтаи ахир ҳудуди як миллион нафар дубора аз Ғазза фирор кардаанд. Таъкид мешавад, ин дар ҳоле рух медиҳад, ки ҷои бехатар барои рафтан вуҷуд надорад ва мардум бо камбуди ғизо ва об рӯбарӯ ҳастанд.
Мақомҳои беҳдоштӣ дар Ғазза мегӯянд, ки ҳама бемористонҳо ва марокизи пизишкии бузург дар Рафаҳ, аз ҷумла теъдоде аз бемористонҳои саҳроӣ бар асари амалиёти заминии Исроил ва бомбаборони шадид аз кор мондаанд.
Мақомоти тиббии Ҳамос дар Ғазза мегӯянд, шумори фаластиниёни кушташуда аз оғози ҷанг аз 36 ҳазор нафар гузаштааст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед