Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар интихоботи парлумонии Узбекистон беш аз 71 дарсади раъйдиҳандагон ширкат карданд
Нашр шуд
То замони баста шудани ҳавзаҳои интихоботӣ беш аз 14,2 млн нафар ё 71,5 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот овоз доданд,
Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботии Узбекистон хабар дод.
Овоздиҳӣ аз соати 08:00 то 20:00 дар 10 ҳазору 717 қитъаи интихоботӣ сурат гирифт, ки 57-тои он дар 39 кишвари ҷаҳон барои шаҳрвандони Узбекистон боз шуда буд.
Баргаҳои овоздиҳии истифоданашуда, аз ҷониби масъулони комиссияҳои интихоботӣ дар қитъаҳои интихоботӣ нобуд шуданд.
Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии Узбекистон дар давоми 10 рӯзи оянда эълон хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2005 дар Узбекистон парлумони дорои ду маҷлис - палатаи қонунгузорӣ (поёни) ва Сенат амал мекунад. Қобили зикр аст, ки 150 курсии палатаи поёнии парлумони Узбекистон байни панҷ ҳизби сиёсии расмии ин кишвар кишвар тақсим шудаанд.
Ҳамин тариқ Ҳизби либерал-демократӣ - 53 курсӣ, Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ" - 36 курсӣ, Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” - 24 курсӣ, Ҳизби халқии демократии Узбекистон - 22 курсӣ ва Ҳизби экологӣ - 15 курсиро дар палатаи қонунгузории парлумони Узбекистон соҳиб ҳастанд.
Парлумони Узбeкистон ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Муҳлати ваколати вакилони палатаи қонунгузории амалкунанда, ки моҳи декабри соли 2019 таъсис шуд, дар поёни соли 2024 ба охир мерасад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед