Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Қирғизистон аз талоши анҷоми табадулоти давлатӣ ҷилавгирӣ шуд
Нашр шуд
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки афроди гумонбар дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ барои ғасби минбаъдаи қудрат дар ин кишвар боздошт шуданд.
Дафтари матбуотии ин ниҳод рӯзи 6-уми июн бо нашри хабаре навишт, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон як гурӯҳи афродеро, ки барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби қудрат дар ин кишвар омодагӣ доштанд, ошкор ва боздошт кард.
Гуфта мешавад, ки ин амалиёт дар асоси далелҳои савтӣ ва видеоӣ анҷом шуда, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин замина таъкид мешавад, ки созмондиҳанда ва таҳрикдиҳандаи асосии идеологии ин гурӯҳи афрод фаъоли ҷомеаи маъданӣ, раиси ҳизби сиёсии «Элдик Кенеш» шаҳрванд Н.Р.С. мебошад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Вазорати адлияи Қирғизистон, раиси ҳизби сиёсии «Элдик Кенеш» Роза Сарликовна Нурматова аст. Роза Нурматова соли 2005 дар вазифаи мудири бахши сиёсати иҷтимоӣ ва рушди фарҳангии ҳукумати Қирғизистон кор кардааст.
Ин ниҳод зикр мекунад, ки таҳти роҳбарии номбурда ҷаласаҳои пинҳонӣ ба таври мунтазам баргузор шуда, афроди ҷалбшуда нақшаҳои ғасби қудрати давлатӣ дар Қирғизистонро баррасӣ мекарданд.
Тафтишот муайян кард, ки ба ин гурӯҳи муташаккил зиёда аз 100 нафар аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ва минтақаҳои гуногуни ин кишвар шомил буда, нақшаҳо бо вазифаҳои муайян миёни онҳо ба таври мушаххас тақсим карда шудаанд.
Дар баробари ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муддаӣ аст, ки тибқи маълумоти мавҷуд дар ояндаи наздик барои маблағгузории масъалаҳои ташкилӣ ва пардохти подош ба афроди калидӣ аз манобеъи хориҷӣ интиқоли маблағҳои калон дар назар буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон беш аз 30 нафар, аз ҷумла Роза Нурматоваро бо иттиҳоми омодагӣ барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва баъдан ғасби қудрат дар ин кишвар боздошт кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед