Ru  | Tj
Дар Қирғизистон аъзои як гурӯҳи фаромиллии қочоқбарони аъзои инсон боздошт шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қирғизистон аъзои як гурӯҳи фаромиллии қочоқбарони аъзои инсон боздошт шуданд
Акс: David Tadevosian / Shutterstock.com

Дар Қирғизистон аъзои як гурӯҳи фаромиллии қочоқбарони аъзои инсон боздошт шуданд

Нашр шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти аъзои як гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ, ки ба тиҷорати ғайриқонунии аъзои инсон машғул буданд, хабар дод. Дар ин бора "АКИpress" хабар медиҳад.

«Дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯӣ як кас, ки бо тавофуқи қаблӣ як масири фурӯши узвҳои инсонро ташкил карда буд, боздошт гардид. Ин шахс дар бемористонҳои хориҷӣ барои пайвандсозии гурда беморонро, ки омодаанд маблағи калон то 80 ҳазор долар пардохт кунанд, ҷустуҷӯ мекардааст. Гузашта аз он дар қаламрави Қирғизистон баъзе афродро барои пайдо кардани донорҳо ҷиҳати фурӯши гурда ҷалб кардааст”, - зикр кардааст Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, донорҳои пайдошуда аз муоинаи тиббӣ гузашта,  сарфи назар аз вазъи саломатиашон ба онҳо хулосаи мусбат дода мешуд ва баъд аз он созмондиҳандагон асноди қалбакӣ дар бораи иртиботи хешутаборӣ бо бемор таҳия мекарданд. Сипас донор ба хориҷ аз Қирғизистон сафар мекарданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муайян кардааст, ки донорҳо барои як гурда ба ҳисоби миёна аз 1 то 7 ҳазор долар, миёнравҳо барои ҳар як донори фиристодашуда то 3 ҳазор доллар дарёфт мекарданд. Аммо қисми зиёди пул аз 30 то 70 ҳазор доларро созмондиҳандаи ин шабакаи ҷиноӣ соҳиб мешудааст.

Таъкид мешавад, ки рӯзи 17-уми апрел зимни як амалиёти назоратшаванда ҳангоми сафарбар кардани донори навбатӣ ба хориҷ аз Қирғизистон дар ҳудуди фурудгоҳи Манас ду нафар узви ин гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед