Ru  | Tj
Дар Қирғизистон мамнӯияти истихроҷи уран ва торий лағв шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қирғизистон мамнӯияти истихроҷи уран ва торий лағв шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Қирғизистон мамнӯияти истихроҷи уран ва торий лағв шуд

Нашр шуд

Раисҷумҳури Қирғизистон қонунеро имзо кард, ки манъи истихроҷи уран ва торий дар ин кишварро бекор мекунад.

Бар асоси қонуни имзокардаи Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҷустуҷӯ, иктишоф ва коркарди конҳои урану торий дар ин кишвар иҷозат дода мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раҳбари Қирғизистон хабар дод.

Парлумони Қирғизистон ин қонунро рӯзи 13 июн қабул кард.
 
Манъи истихроҷи конҳои уран ва торий дар Қирғизистон моҳи декабри соли 2019 ҷорӣ шуда буд. Баҳори ҳамон сол дар ин кишвар овоза дар бораи оғози истихроҷи филизоти радиоактивӣ дар кони Тош-Булоқ дар вилояти Иссиқкӯл паҳн шуд. 
 
Мухолифони истихроҷи уран дар Қирғизистон чандин бор тазоҳурот баргузор карда, хостори қатъи корҳо дар ин замина шуданд.

Дар натиҷа, ҳукумати Қирғизистон кор дар конро мутаваққиф карда, баъдан парлумони ин кишвар эълон кард, ки коркарди конро комилан манъ кардааст.

Қаблан Девони вазирони Қирғизистон итминон дода буд, ки металҳои нодирро барои фурӯш истихроҷ мекунанд.

Мақомоти ин кишвар ният доранд, ки титаномагнетитро фурӯшанд, ки захираҳои назарраси он дар кони Қизил-Омпол мавҷуд аст. Ба гуфтаи мақомот, ин кон ҳудуди 14,7 миллион тонна маъдан дорад. Аз ин 95% титаномагнетит, 3% фосфор, 2% сирконий, 0,22% торий ва 0,17% уран мебошад.

Раисҷумҳури Қирғизистон қаблан изҳор дошт, ки пас аз истихроҷи тамоми уран ва дигар металҳо дар кони Қизил-Омпол замин ниҳоят “тоза” мешавад.

Содир Ҷабборов кони  Қизил-Омполро "Кумтори дуюм" номид ва гуфт, ки бо коркарди ин кон беш аз ҳазор ҷойи корӣ таъсис шуда, 100% фоидаи он ба буҷаи ин кишвар ворид мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед