Ru  | Tj
Дар Қирғизистон марҳилаи фаъоли тамриноти нерӯҳои СПАД ба поён расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қирғизистон марҳилаи фаъоли тамриноти нерӯҳои СПАД ба поён расид
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Қирғизистон марҳилаи фаъоли тамриноти нерӯҳои СПАД ба поён расид

Нашр шуд

Дар ҷараёни машқҳои СПАД ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва муқовимат ба онҳо диққати махсус дода шуд.

Дар қаламрави Қирғизистон марҳилаи фаъоли машқҳои низомӣ бо иштироки Нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ - «Ҳамкорӣ-2024», «Ҷустуҷӯ-2024» ва «Эшелон-2024» ба поён расид.

Дар ин бора Вазорати дифои Қирғизистон хабар дод.

«Дар доираи марҳилаи фаъоли машқҳои СПАД, масъалаҳои гузаронидани амалиёти ҷангӣ ва махсус, фуруд омадани нерӯҳои тактикии ҳамлаи ҳавоӣ ва баҳрӣ барои шикасти душман, ҳифзи нерӯҳо аз ҳамлаҳои ҳавоии душман ва рафъи оқибатҳои амалиёти ҷангӣ амалан кор карда шуд”, - гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои дафтари матбуотӣ, дар ҷараёни машқҳо ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва муқовимат ба онҳо, инчунин истифодаи муштараки системаҳои ҷанги электронӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

 «Хусусияти машқҳо дар тамрингоҳи «Эделвейс» инчунин ҷалби нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоӣ ва воситаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва ҳайати шахсии низоми муштараки дифои ҳавоии ИДМ буд», - хабар медиҳад Вазорати дифои Қирғизистон.

Дар машқҳои мазкур, ки дар тамрингоҳи баландкӯҳи Эделвейс дар Қирғзистон баргузор шуд. дар маҷмӯъ ҳудуди 1,5 ҳазор сарбозону афсарон аз Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва то 300 техникаи низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, қаиқҳои ҷангӣ ва системаҳои дифои ҳавоӣ ҷалб шуд. Дар ин тамринҳо аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия "Орион", ҳавопаймоҳои ҷангии СУ-30СМ аз Қазоқистон, инчунин чархболҳои Ми-17 ва Ми-8МТВ аз Қирғизистон истифода шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед