Ru  | Tj
Дар Қирғизистон музокирот барои омодагӣ ба машқҳои муштараки СПАД ба поён расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қирғизистон музокирот барои омодагӣ ба машқҳои муштараки СПАД ба поён расид
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Қирғизистон музокирот барои омодагӣ ба машқҳои муштараки СПАД ба поён расид

Нашр шуд

Нақшаи машқҳо, ташкили роҳбарӣ, ҳайати сохтори фармондеҳӣ ва воҳидҳои низомии кишварҳои узв дар тамриноти СПАД мушаххас ва мувофиқа карда шуданд.

Музокирот барои ба омодагӣ ба машқҳои ояндаи СПАД дар Қирғизистон ба анҷом расиданд, гуфт ба хабаргузории ТАСС сухангӯи Ситоди муштараки ин созмон Владислав Шегрикович.

"Аз 12 то 14 июн дар Қирғизистон музокироти дуюми ситод барои ташкил ва баргузории машқҳои фармондеҳӣ бо нерӯҳои дастҷамъии вокуниши сареъи СПАД «Ҳамкории мутақобила-2024», машқҳои махсус бо нерӯҳои иктишофӣ "Ҷустуҷӯ-2024" ва машқҳои нерӯ ва воситаҳои таъминоти моддию техникии нерӯҳои дастаҷамъӣ бо номи «Эшелон-2024» баргузор шуд”,- гуфта мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ки зимни ин ҷаласа, нақшаи машқҳо, масъалаҳои ташкили роҳбарӣ, ҳайати мақомоти роҳбарикунанда ва воҳидҳои низомии кишварҳои узв, тартиби гузаронидани чорабиниҳои амалӣ, инчунин масъалаҳои таъминоти ҳамаҷонибаи нерӯҳои муштараки СПАД мушаххас шуд.

Инчунин дар ин музокирот таҳқиқи минтақа барои машқҳои тирамоҳи соли ҷорӣ, ки дар ҳудуди маркази омӯзиши "Эделвейс"-и нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон баргузор мешавад, сурат гирифт.

Дар ин музокироти ситоди муштарак, намояндагони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, котиботи ин созмон ва як гурӯҳи афсарони Ситоди муштараки СПАД таҳти сарварии сарҳанг Азамат Дюшембеков ширкат карданд.

Гуфтанист, нерӯҳои дастаҷамъии СПАД барои вокуниши фаврӣ ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви ин созмон таъсис шудаанд, ки дар ҳолати омодабоши доимӣ буда, бо аслиҳа ва техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз ҳастанд. Инчунин ба ҳайати нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, амният, инчунин гурӯҳҳои имдодрасонӣ ва наҷот шомил буда, шумораи умумии ин нерӯҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед