Ru  | Tj
Дар Қирғизистон пӯшидани либосҳое, ки чеҳраро пинҳон мекунанд, манъ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қирғизистон пӯшидани либосҳое, ки чеҳраро пинҳон мекунанд, манъ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Қирғизистон пӯшидани либосҳое, ки чеҳраро пинҳон мекунанд, манъ мешавад

Нашр шуд

Дар Қирғизистон пешниҳод кардаанд, барои пӯшидани либосе, ки ташхиси шахсиятро иҷоза намедиҳад, ҷарима муқаррар шавад.

Кумитаи давлатии дини Қирғизистон лоиҳаи қонунро дар бораи ҷарима барои пӯшидани либосе, ки “муайян кардани шахсияти шаҳрвандро имкон намедиҳад” дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ пешниҳод кард. Дар ин замина пӯшидани либосҳои марбут ба фаъолияти корӣ ва хидматӣ, инчунин бо нишондодҳои тиббӣ истисно аст.

Тибқи иттилои сомонаи Vesti.kg, ниҳоди мазкур ҳадафи ислоҳотро бартараф кардани ихтилоф ва камбудиҳо дар қонунгузорӣ гуфтааст. Муаллифи ин тарҳи қонун як гуруҳи кории иборат аз кормандони Кумитаи дин, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аст.

Дар лоиҳаи қонун барои нақзи ин муқаррарот ҷарима ба маблағи 20 ҳазор сом (236 доллар) пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи мазкур ба муҳокимаи умумӣ гузошта шудааст. Инчунин шаҳрвандон барои табъизи шифоҳӣ ё хаттӣ, аз ҷумла дар шабакаи интернет, инчунин барои даъвати бе иҷозати руҳониён ба муассисаҳои иҷтимоӣ, ислоҳӣ ё ҷузъу томҳои Неруҳои мусаллаҳ муҷозот мешаванд. Дар ин замина барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима 65 ҳазор сом (764 доллар) хоҳад буд.

Ба ҷуз аз либос, дар ин санад пешниҳод шудааст, ки фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ба танзим дароварда шуда, таъсиси аҳзоб бар пояи дин, ширкати онҳо дар фаъолиятҳои динӣ ва дарёфти маблағ аз ташкилотҳои динӣ манъ карда шавад.

Инчунин дар ин лоиҳа дахолати созмонҳои динӣ ё намояндагони онҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор низ манъ шуда, барои ин кирдор низ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тасвиб ва мавриди амали қарор гирифт.

Тибқи ин қонун дар Тоҷикистон «Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд».

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед