Ru  | Tj
Дар Қирғизистон тамринҳои низомии СПАД оғоз шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қирғизистон тамринҳои низомии СПАД оғоз шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Қирғизистон тамринҳои низомии СПАД оғоз шуданд

Нашр шуд

Рӯзи 3 сентябр дар қаламрави Қирғизистон тамринҳои бузурги низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бо номи “Ҳамкории мутақобила-2024” оғоз гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии СПАД, ин машқҳо аз 3 то 15 сентябр баргузор шуда, аз машқҳои фармондеҳии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, тамрини вижаи нерӯҳои иктишофии “Ҷустуҷӯ-2024” ва тамрин бо воҳидҳои логистикии "Эшелон 2024" иборат аст.

Дар ин тамринот воҳидҳои низомии Беларус, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ва гурӯҳҳои фаврии котибот ва ситоди муштараки СПАД ширкат мекунанд. Илова бар ин, воҳидҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ширкаткунанда ба машқҳо ҳамроҳ мешаванд.

Ҷониби Арманистон ба СПАД хабар додааст, ки дар ин тамринҳо ширкат намекунад.

Андрей Сердюков, сардори ситоди муштараки СПАД дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки намояндагони Алҷазоир, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Муғулистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Узбекистон, котиботи СММ ва СҲШ, кумитаи иҷроия ва зиддитеррористии ИДМ ба унвони нозир ба ин машқҳои низомӣ даъват шуданд.

Сердюков афзуд, ки машқҳо ба рушд ва баланд бардоштани самаранокии нерӯҳои дастаҷамъӣ тавассути омӯзиши масъалаҳои ташкили дифои зидди ҳамлаи ҳавоӣ ва ҳамкории байни фармондеҳон нигаронида шудаанд.

Ҳадафҳои асосии тамринот такмили механизмҳои қабули қарорҳо, баланд бардоштани ҳамоҳангии қисмҳои ҳарбӣ ва намоиши навтарин анвои силоҳҳо мебошанд.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ дар ин тамринҳои СПАД беш аз 5 ҳазор нафар сарбозу афсар ва зиёда аз 900 анвои аслиҳа ва техникаи низомӣ ҷалб карда мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед